БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАҶӮЁНАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД АСТ

ФАРХОР. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии  коронавирус дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб  набош!” ва ба дарки ҳамагон расонидани моҳияти самаранок истифодабарии қувваи барқ бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор  гардиш доир намуданд.

Кормандони ҳизбӣ дар рафти чорабинӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба  пешгирии бемории коронавирус, ниқобҳои муҳофизатӣ ва инчунин, Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсим намуда, таъкид карданд, ки муҳофизат  аз ин бемории  сироятӣ  ва сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ буда, мо метавонем бо ин амали нек барои расидан ба ҳадафҳои созанда саҳм гузорем. Ҳамзамон, дар суҳбатҳо аз ҷониби намояндаи КАТС-и ноҳия тавсияҳои табибон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ба сардорони оилаҳо шарҳ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg