БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛОШҲО БАҲРИ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

ТЕМУРМАЛИК. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар Ҷамоати деҳоти Қарақамиш бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалҳобод” бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, муқоисакунии аъзои ҲХДТ ва  истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ барои пешгирӣ аз мушкилот дар фасли зимистон вохӯрӣ  доир намуданд.

Зимни суҳбат Раҷабзода Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик иброз дошт, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Инчунин, нисбати эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии  COVID – 19 ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID - 19 дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg