ЛЕВАКАНТ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар кӯчаҳои ба номи Зебунисо ва Боқӣ Раҳимзода вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ба сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти саривақтии он, роҳ надодан ба талафоти зиёди нерӯи барқ, инчунин оид ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус ва истифодаи дурусти ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ андешаронӣ карданд.