БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ АҲОЛӢ ОҒОЗ ЁФТ

ДАНҒАРА.  Ҷиҳати ба дарки шаҳрвандон расонидани моҳияти   Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “ Барқи Тоҷик”,  инчунин пешгирӣ намудани мавҷи дуюми коронавирус   бо  усули "хона ба хона" гурӯҳҳои таблиғотии   назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара,  дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои дахлдор  оид ба  сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва сари вақт пардохт кардани маблағи истифодаи он, бе ниқоб набаромадан дар кӯчаву маҳаллаҳо, захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ, ба итмом расонидани кишту кори тирамоҳӣ ва истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан дар назди корхонаву муассисаҳо, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳар як оила фаҳмонида, ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg