БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲТАВОИ МУРОҶИАТНОМАИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ КИШВАР БАРОИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҚУВВАИ БАРҚ РАСОНИДА ШУД

ВОСЕЪ. Бо мақсади ба ҳар як сокини ноҳия расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар, ШСХК «Барқи тоҷик» ва таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва сари вақт пардохт кардани маблағи он дар ҳудуди ноҳияи Восеъ корҳои тарғиботӣ миёни  сокинон рафта  истодааст.

Дар оғози чорабинӣ  гурӯҳи тарғиботӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар фаъолони ҳизбӣ оид ба ҳадафҳои вусъат додани фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ дастуру тавсияҳои иловагӣ дода шуда, сипас дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ баргузор карда шуд.

Гурӯҳи тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва масъулони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия таъсис дода шудаанд, ки ҳама якҷоя бо мардум бо усули “хона ба хона”  вохӯриву суҳбатҳо гузарониданд.

Гурӯҳҳои тарғиботӣ дар баробари расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» бо аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мулоқотҳо доир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg