БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРҚ РӮШНОИИ ҲАР ХОНАДОН АСТ!

ВАХШ. Дирӯз дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  ҷиҳати ба дарки сокинон равонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи Тоҷик" бо  усули “хона ба хона” бо сокинони Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар деҳаи Пешқадам оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти қарзи истифодаи он, риояи қоидаҳои муҳофизат аз бемории КОВИД-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  оид ба масъалаҳои  болозикр  ба шаҳрвандон  тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Сипас,  ба сокинон Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” ва варақаҳои иттилоотии муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg