ВАХШ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Пешкадам-2 оид ба ба расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва ШСХК “Барқи тоҷик” ҷиҳати сарфакорона истифода бурдан аз неруи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва сари вақт пардохт кардани маблағи он корҳои тарғиботӣ гузаронида шуд. Зимни суҳбат масъулин вобаста ба сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ ва сари вақт пардохт кардани маблағи он андешаронӣ карда, аз аҳолӣ даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзгори ҳаррӯзаашон қувваи барқро сарфакорона истифода баранд, агар хуб мешуд дар ҷои печҳои барқӣ аз ангишту ҳезум ва брикет истифода баранд. Ин амали сокион ҳам ба буҷаи оила фоида меоварад ва ҳам барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ.