
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади расонидани муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” ба мардуми шарифи Тоҷикистон бо усули “хона ба хона” бо сокинони маҳаллаи ба номи Сафаралӣ Қурбонови Ҷамоати шаҳраки Москва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне бояд ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаю мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар солҳои наздик ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем.