НОРАК. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо семинар-машварат бо волонтёрони ҳизбӣ ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" ба кулли сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти нерӯи барқ ва сари вақт пардохти қарзи истифодаи он баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ мавсуф қайд кард, ки баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода ва кам кардани талафоти нерӯи барқ ба дарки ҳар як сокини шаҳр расонида, таъкид карда шаванд, ки аз ҳезум, ангишт, гази моеъ ва брикет истифода баранд.