ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Боронов Сабзаалӣ бо сокинони деҳаи Булакдашти ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов, баргузор гардид.
Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро фаҳмонид. Инчунин, оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 маълумот дод.
Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳа Куганов Амирхон ва Ҳусейнов Абдулҳай андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш карданд, ки бо қабули 5 нафар сокинони деҳа ба сафи ҲХДТ дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис диҳанд.
Дар охир суханрониҳои судманди Раҷабзода Маҳмадсаидро сокинон дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки сиёсати имрӯзаи Пешвои миллатро сармашки кору фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.