БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ЁВОН. Ҷиҳати дастрасӣ намудани аҳолӣ ба Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оқилонаву сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳвар” корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардид.

Дирӯз ҳизбиёни ноҳия ба 150 оилаҳои ҳудуди мазкур муроҷиатномаи мазкурро дастрас намуданд.Бешак метавон гуфт, ки мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне, мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.

Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg