ЁВОН. Шурӯъ аз санаи 16 декабри соли равон ҷиҳати амалӣ намудани Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оқилонаву сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби вакилону аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, гурӯҳи волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, бо усули “хона ба хона” ва баргузории суҳбатҳои сарироҳӣ бо иштироки шаҳрвандон баргузор гардида истодааст.
Дар воқеъ тавре ба ҳамаи мо маълум аст, мо муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои хело назаррас ноил шудем.
Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, нерӯгоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.