ВОСЕЪ. Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии бемори коронавирус аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ пурзӯр карда шудааст.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов аз ҷониби масъулини ҳизбӣ гуфта шуд, ки коҳиш ёфтани сатҳи сироятёбӣ ҳанӯз маънои пурра аз байн рафтани бемориро надорад. Бояд шаҳрвандон пеш аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки шаҳрвандон фориғболӣ ва беҳавсалагӣ нишон дода, зимни гаштугузор аз ниқобҳои тиббӣ истифода намебаранд. Чунин бемасъулиятӣ оқибати хуб надорад.
Дар идомаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба аҳолӣ варақаҳои таблиғотӣ барои маълумоти бештар пайдо намудани сокинон дода шуд.