БОХТАР. Дар ташкилои ибтидоии “Эҳё ва дастгирӣ” маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 доир гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Нахуст, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро шунида, аъзои ҳизб фаъолияти ташкилотро дар соли 2020 хуб арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 сатҳу сифати хизматрасониро ба мизоҷон хубтар намуда, дар ин давра шумораи аъзои ҳизбро зиёд намудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса доштани кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” дар вилояти Хатлон мебошад.
Сипас, чанд нафар аъзои ҳизб ва Толибзода Толиб ба муҳокима баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ карданд.Толибзода Толиб доир ба масъалаи Муроҷиатномаи Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар вобаста ба самаранок истифода бурдани неруи барқ, пешгирӣ намудан аз паҳншавӣ ва интиқоли бемории коронавирус мубодилаи афкор намуда, таъкид кард, ки Ҳукумати кишвар дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар даврони соҳбистиқлолӣ як қатор чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Ба истифода супоридани неругоҳҳои барқии обии “Помир-1”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Тоҷикистон”, Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати НБО-и Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошад. Дар интиҳои маҷлис ба аъзои нави ҲХДТ шаҳоданомҳои ҳизбӣ супорида шуд.