БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА БАЛАНД АСТ

НОРАК. Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бахшида ба таъсисёбии Рӯзи 26-солагии ҲХДТ бо иштироки вакилон, фаъолзанон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии корхонаву муассисаҳо дар толори бинои маъмурӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” баргузор гардид.

Гулмуродзода Қумриниссо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қайд намуд, ки хушбахтии мо-занон аст, ки дар ин айём зиндагӣ  ва фаъолият менамоем. Мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии диёр ба марҳилаи нав расидааст. Шаҳомат ва мақоми баланди мо- занон маҳсули муборизаҳои зиёд аст. Ба таърихи ҳаракати занон дар  ҳаёти сиёсӣ  таваҷҷуҳ менамоем, ки ҳанӯз 150 сол пеш дар бораи интихоби зан ба мансаби Президентӣ, сарвазир, ё вазири мудофиа, раиси ноҳия, намояндаи Тоҷикистон дар давлатҳои абарқудрат, раиси Кумитаи иҷроия, муовинони раисон ва роҳбари ташкилотҳои истеҳсолӣ афсонаро мемонду бас. Шояд дар гӯшаи хаёл ҳам набуд, ки замоне фаро мерасад ва занон дар мақоми роҳбарият 50 фоизи мансабҳои давлатиро соҳиб мешаванд. Ин нишондиҳандаҳо бигзор  беасос будани ҳамаи гуна андешаҳои «зан-заиф», «Занон-камтаҷриба», «занон-эҳсосотӣ» -ро исбот намоянд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон бори дигар эътимоди худро ба модари тоҷик дода, чунин қайд карданд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин медонем, ки зан- модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷудоти офаранда арҷ гузорем, ранҷу машаққат, заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg