БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРӮИ БАРҚ БА МАНФИАТИ ҲАМАГОН АСТ

ВОСЕЪ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №17-и Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия, падару модарон, кормандони дар муассисаҳои таълимӣ вобастагардида, волидайни муҳассилин ва омӯзгорону маъмурияти муассисаи таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа раванди иҷроиши як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», оқилона ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ иброз намуд, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо-шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg