БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заркорон”-и Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов бо иштироки масъулини ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни хониши сиёсӣ сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои муҳиму мушаххас дода, рушди пайгиронаи онро дар сиёсати кунунии давлату ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд.

Ҳамзамон,  мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоева Гулрухсор иброз намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ-ро  дастгирӣ намуда, барои рушду равнақи кишари азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg