
ШАҲРИТУЗ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов деҳаи Қумшоҳ бо ҷалби кормандони масъули ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои Шӯрои собиқадорон, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии «Идораи ҷангал» Аксияи ҳизбии «Ниҳолшинонӣ» таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» баргузор гашта, бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Идораи ҷангал» 300 бех ниҳолони ҳамешасабз ва 200 бех ниҳоли сояафкан шинонида шуд.