ҶАЙҲУН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти 26-солаи худ нишон дод, ки як ҳизби амалкунандаи ормону орзуҳои умедбахши мардум аст. Имрӯз бе муҳобот Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ ба щисоб равата, сиёсаташро дар самти амалисозии ҳадафҳои барномавию оиномавии ҲХДТ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маънавии мардум амалӣ намуда истодааст ва дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, инчунин ташаккул додани мафкураи миллӣ саҳми назаррас дорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Ғафорзода Беҳрӯз барои саҳми арзанда гузоштанаш дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия бо Сипосномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуд.