ҶАЙҲУН. Дирӯз дар ташкилоти ибидоии ҳизби “Беморхонаи №1”-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Бекмамадов Асалмамад хониши сиёс доир гардид.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод оид ба таърих ва таъсисёбии ҲХТД суханронӣ намуда, қайд кард, ки 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуд ва 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Тоҷикистонро (ҳоло ҲХДТ) номнавис намуд.
Ҳизбе, ки бо ҳидояти Пешвои хирадманди хеш Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи озодию демократия, бунёди ҷомеаи шаҳрвадӣ таъсис ёфта буд, тамоми марҳилаҳои ҳассос ва сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай карда, имрӯз ба як неруи тавонманду созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи миллии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар охири вохӯрӣ шахсоне, ки аризаҳои худро барои шомил шудан ба аъзогии ҲХДТ пешниҳод карда буданд, масъулини ҳизби ноҳия шаҳодатномаи ҳизбиро ботантана ба онҳо супорида, қайд намуданд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.