ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дӯстӣ” Аксияи “Ниҳолшинонӣ” дар шаффати шоҳроҳ ҷараён гирифт, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод иштирок намуд.
Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ Ҳасанзода Тағоимурод, ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи диёр ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саъми иштирокдорон расонид. Бояд қайд кард, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ идома дорад.