
ҶАЙҲУН. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати аёдату дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманду собиқадори ҳизбу меҳнат баргузор гардид. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба аёдати як нафар собиқадори ҳузбу меҳнат истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Яккадин рафта, табрикоти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аёдатшуда расониданд.
Аз аёдати ҳизбиён бошад, аёдатшуда болидахотир гардида, бо суханони неку пандомезаш аз хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон ёдоварӣ намуда, изҳори сипос баён кард.