БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲАРАКАТИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” маҷлис гузаронида шуд.

Дар маҷлис бо сабаби ба кори дигар гузаштани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Валиев Амирхон аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ озод ва бо овоздиҳии ошкоро Рабиев Раҳматулло  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Исмоилов Собирҷон  котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.

Дар ташкилоти ибтидоии мазкур баъди баргузории  маҷлис аз рӯи нишондоди дастури мақомоти болоии ҳизбӣ санҷиши низоми ҳаракати ҳизбӣ гузаронида шуда, шахсони масъул барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор карда шуданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg