ФАРХОР. Дар доираи нақша - чорабиниҳо оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус ва бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуда, бо аҳолӣ суҳбат карданд.
Ҳамзамон, вобаста ба риояи гигиенаи шахсӣ баъзе маслиҳатҳои муфид доданд.