![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/83mwudxQarluqjKaDSwIbGmJatb-1.jpg?itok=z2bVch8c)
ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов сохтмони Бунгоҳи тиббӣ ҷараён гирифт, ки ин аз ҷониби шахсони саховатманд барои мардуми ин деҳа бунгоҳи тиббии таваллудхона сохта ба истифода дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома ёфта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодиён суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, барои ободонии мамлакати азизамон камари ҳиммат бастаанд.