ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулистон бо усулу “хона ба хона” миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ҳамзамон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ бо риояи масофаи иҷтимоӣ бо сокинон суҳбат ороста, иброз намуд, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост, бинобар ин моро зарур аст, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намуда, пайваста дастонро бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ шӯем.
Инчунин, мавсуф дар идома қайд намуд, ки истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аст, ки аз он одамон метавонанд сироят ёбанд. Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст, истеъмол кардан мумкин мебошад.