БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ҲИССАГУЗОР БОШЕМ

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамарӯза миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус мегузаронанд.

Ин навбат масъулини ҳизбӣ дар деҳаи Заркорони Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов бо усули “хона ба хона” миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо барои маълумоти бештар пайдо намудан аз ин бемориҳои сироятӣ маводҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокинон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза иброз намуд, ки ҳамаи моро зарур аст, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намуда, аз сироятёбӣ худ ва наздиконамонро эмин нигоҳ дорем. Ҳамзамон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоева Гулрухсор қайд намуд, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост, бинобар ин пайваста аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода намоем ва масофаи иҷтимоиро риоя намуда,  баҳри солимии ҷомеа ҳиссагузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg