БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттифоқу сарҷамъӣ таҳкимбахши иқтидорӣ давлат ва омили рушди босуботи кишвар аст

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Туркои ноҳия  бо сокинон маҷлиси ҳизбӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Президенти кишвар  дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид доир карда шуд.

Нахуст, И.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф  дар назди ҷамъомадагон моҳияти суханрониҳои Пешвои миллатро  ба таври муфассал фаҳмонида, инчунин оид ба Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи “Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  суханронӣ намуд. 

Дар рафти баргузории маҷлис  иштирокдорон суханрониҳои судманди масъулинро  хуб пазируфта, хоҳиш карданд, ки чунин мулоқоту  вохӯриҳо дар байни аҳолӣ бештар  ташкил карда шаванд.

Дар охир  ба чанде аз сокинон, ки ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg