БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ НАҚШИ АЪЗОИ ҲИЗБ НАЗАРРАС АСТ

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикстандарт»  маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар 11 моҳи соли 2020 доир гардид. Дар маҷлиси мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб ва Саидов Илҳом, роҳбарият ва аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд. Пас аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Толибзода Толиб ба муҳокима баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози назар карда, иброз дошт, ки ташкилотҳои ибтидоӣ асоси фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба ҳисоб мераванд, зеро аъзои ҳизб дар ин ниҳоди ҳизбӣ кору фаъолият менамоянд. Аъзои ҲХДТ-ро лозим ат, ки дар кору фаъолияташон бояд намунавӣ  бошанду дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми муносиби худро гузоранд.

Сипас, чанд нафар аъзои фаъоли ҲХДТ барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ сохтани ҳадафҳои созанда бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg