БОХТАР. Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ оид ба тақвият бахшидани ҳаракати аъзои ҳизб ва ҷоннок намудани фаъолияи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоӣ дар ин муассисаи фарҳангӣ доир гардид.
Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва кормандони Кохи фарҳанг ва макази иттилоот иштирок доштанд. Маҷлисро нахуст муовини директори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоот Сабурова Моҳрухсор кушода, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд. Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва котиби масъул, номгузории ташкилот ибтидоӣ ва қабул ба сафи ҲХДТ иборат буд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои муҳокимашуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, Одинаев Шодмон раиси ташкилоти ибтидоӣ, Обидов Муҳаммадзариф -котиби масъули ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби аъзои ҳизб якдилона интихоб гардиданд. Ҳамзамон, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо пешниҳоди аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кохи фарҳанг” номгузорӣ карда шуд.
Сипас, Толибзода Толиб ба сухан баромада, иброз дошт, ки таъсис ёфтани як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар нишонаи он аст, ки сокинони шаҳр, махсусан аҳли фарҳанг нисбати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетараф нестанд.
Дар интиҳои маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар якҷогаӣ бо собиқадорони ҲХДТ ба кормандоне, ки нав ба аъзогии ҳизб қабул карда шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро супориданд.