БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСРОФ ҲАРОМ АСТ!

АНДЕША. Бо ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизи Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади хубтару беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Истиқлолияти давлатӣ аз лиҳози сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоии илмиву фарҳангӣ беҳтарин шароитро барои миллат, баҳри беҳбудии рӯзгори ояндаи халқи азияткашидаи тоҷик фароҳам овард. Он ҳама аз ҷонфидоӣ кӯшишу ғайрати ҷавонмардонаи бесобиқаи Пешвои муаззами миллат  дарак медиҳад. Миллати парешонгаштаи тоҷик бисёр душвориҳои зиёдеро паси сар намудааст.

Аз як тараф вазъ ноором, вазъияти иқтисодӣ, набудани барқ мардумро ҳама ин ноумед насохт, дилмонда накард, чунки ҳама бовар доштанд, ки ин камбудиҳо паси сар хоҳанд шуд, умед доштанд, ки пуштибон доранд ва ҳамеша барои зиндагии хуби мардум заҳмат мекашанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Шукронаи истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ,  рӯз то рӯз он камбудию норасоиҳо ҳалли худро ёфтанд. Мардум тинҷу ором, осудаҳол гаштанд, шароитҳои зиндагӣ хуб шуданд. Беҳуда нагуфтаанд:

Аз ноумедиҳо басо умед аст,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барқарорсозии НБО-и Норак, таҷдиди НБО-и Сарбанд, таҷдиди НБО-и Қайроқум ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар баробари маваффақиятҳо низ каму беш мушкилот аз ҳисоби норасоии барқ мардуми тоҷикро ба ташвиш овард. Аммо барои бартараф намудани чунин мушкилот каме вақт лозим меояд. Ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат нисбати барқарор намудани камбудиҳо хело назаррас буданд. Меҳнати шабонарӯзии ӯ буд, ки дар муҳлати хеле кутоҳ ба муваффақиятҳо ноил шудем. Месазад, ки мо шаҳрвандон қувваи барқро самаранок истифода барем шукрона аз тинҷию амонӣ, шукрона аз давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд,  дунявию ягона намуда, аз тамоми шароитҳое, ки давлату ҳукумат барои мо фароҳам овардааст истифода барем. Фарзандону насли ояндасози миллатро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ худогоҳиву фарҳангдӯсти  тарбия намоем.

Тоҷикистони биҳиштосоямонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Тоҷикистон ба пеш!

Расулова Тоҷинисо, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg