БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ ИФОДАГАРИ ОРМОНҲОИ МАРДУМӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Панҷ" вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат  масъулин доир ба таърих ва таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26-сол аст, ки  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри расидан ба ҳадафҳои миллӣ дар фазои сиёсии кишвар фаъолияти пурсамар намуда истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба раванди фаъолияти самараноку ташаббускоронаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии мардуми тоҷик ворид гашта, дар ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳои Ватани маҳбубамон нақши мондагор дорад.

Сипас дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби масъулини ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Панҷ” Камолзода Ҷалолиддин, раиси деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ Иблоев Сайалам ва котиби Ҷамоати деҳоти Панҷ Сабурзода Насим барои иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла дар   тарғибу ташвиқи Барномаи ҲХДТ саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg