БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Худшиносии миллӣ аз сарҷамъиву якдилии шаҳрвандон сарчашма мегирад

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони маҳаллаи Гулистони ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади хотирмон баргузор намуд.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муҳаммаддовуд Ҳалимов, фаъолон ва дигар шахсони даъватӣ иштирок карда атрофи суханрониҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.

Иштирокдорони ҷамъомад  суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони кишварро бо хушнудӣ пазируфта, ваъда доданд, ки  дар амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат баҳри пешрафту шукуфоии Ватан камари ҳиммат баста, фарзандонро дар руҳияи баланди ватансозиву ватандӯстӣ тарбия хоҳанд кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg