БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА БОЛОСТ

ҶАЙҲУН. Чорабинии ҳизбӣ доир ба мавзӯи “Мақоми зан дар ҷомеа болост!” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатии ноҳия Балхиёрова Охира дар муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  гузаронида шуд, ки мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад.

Зимни суҳбат Ғафорова Насимахон ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии издивоҷи хешутаборӣ, ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавонон, тарбияи фарҳанги оиладорӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар тарбияи наси ҷавон масъулияти бештар зоҳир карда, ҷавононро барои дар руҳияи баланди  ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва маърифати оиладорӣ раҳнамоӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg