БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ андешаи созанда доранд

Н.ХУСРАВ. Вобаста  ба  амалӣ  намудани  дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои  миллат,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳануз  аз  рӯзҳои  ба  эътидол  омадани вазъ  дар  кишвар  сиёсати  давлатии  ҷавонон, маориф ва  варзиш дар  қатори  дигар  соҳаҳо  яке  аз  самтҳои   афзалиятноки инкишофи  давлат  қарор  гирифтанд.  Бо  мақсади  баланд  бардоштани  мақоми   ҷавонон  самтҳои сиёсати   давлатии   кишвар   ба  ин  нерӯи  ниҳоят пуриқтидору  бунёдкор  ва  пешбарандаи   ҳаёти  ҷомеаи   навини  мо густариш ёфта имрӯзҳо   дар арафаи  Рӯзи  ҷавонони  кишвар   дар  ҳамаи  шаҳру  навоҳии  Ватани   азизамон  чорабиниҳои сиёсиву фароҳангӣ таҳти унвони  «Тараннуми  ҷавонӣ»   баргузор  гардида истодааст.      

Тибқи  нақша-чорабиниҳои  тасдиқшудаи  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав, бо  ибтикори  бахши  намояндагии  ТҶҶ «Созандагони  Ватан» дар  ноҳия  бо  мақсади дар  руҳияи хештаншиносию  ватанпарастӣ тарбия  кардани  насли  наврас  роҳпаймоии  ҷавонони  ноҳия  таҳти  унвонии  «Мо ҷавонон пайравони  Пешвои  миллатем»  баргузор  гардид.

Ҷавонони касбу кори гуногун  дар  маркази  ноҳия  ҷамъ  омада,   дар  даст  парчамҳои  давлатию  ҳизбӣ  ва  шиору  навиштаҷот   дар фазои сулҳу ороми кишвар ва ифтихор аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолии Ватан раҳпаймоӣ  намуданд.

Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  дар  назди иштирокдорон чорабинӣ   баромад  намуда, аз мақоми  ҷавонон  дар  ҷомеа ва  дастгириҳои  давлату  Ҳукумат  нисбат  ба  ин  қувваи  бузургу  сарвати гаронарзиш  фаҳмонида,  иштирокдоронро  ба  Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон   табрик  намуд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg