КӮШОНИЁН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Кӯшониён бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои ташкилоти ибтидоии «КАТС» вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроия оид ба нақшаву ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Дар охир ба 2 нафар собиқадорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” туҳфаҳо супорида шуд.