ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид. Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод доир ба мақсаду мароми ин ҳизби пешоҳанг суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. ҲХДТ ба сифати муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.
Архивӣ Моҳона
- Апрел 2021 (564)
- Март 2021 (524)
- Феврал 2021 (439)
- Январ 2021 (345)
- Декабр 2020 (379)
- ноябр 2020 (302)
- Октябр 2020 (495)
- Сентябр 2020 (734)
- Август 2020 (588)
- Июл 2020 (594)