КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Баракат" вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Дилноза Шоева корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Баракат" Шомирзоева Мавлуда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Шоева Дилноза ба сухан баромада, вобаста ба фаъолияти ҲХДТ дар давоми 26 сол ба иштирокдорон маълумот дод. Сипас, аз ҷониби шахси масъули ҳизбӣ ба омӯзгороне, ки дар тарғибу ташвиқи Барномаи ҲХДТ саҳм гузоштаанд, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб супорида шуд.