БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дарки мардум расонидани хатари терроризм ва ифротгароии хушунутомез

ХОВАЛИНГ.  Бо иштироки гурӯҳи таблиғотии таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ шуда гузашт. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сафаралӣ Халилов  ва дигар кормандони ҳизбӣ иштирок доштанд, ба ҳозирин дар бораи дастуру супоришҳое, ки аз суханронии Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеъ ба сокинони мамлакат  рӯзи  12 майи соли 2018 бармеояд маълумоти муфасал доданд.

Дар назди ҳозирин Сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анаъна ва ҷашну маросим дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаммадӣ Шарифзода, директори Гимназияи Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Дилбар Одиназода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, професори ифтихорӣ Зафар Мирзоён баромад намуда, оид ба масъалаҳои дар ҷамъомади васеъи ҷумҳуриявӣ баён гардида, хатари ба ҷомеа, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштаи терроризм ва ифротгароӣ, пешгириӣ аз беморҳои сироятӣ, аз ҷумла  ВИЧ/СПИД, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргардонидани ҷавонон аз хориҷи мамлакат ва таҳти назорат қарор додани онҳо, тарбияи мардум дар руҳияи эҳтироми якдигарӣ, роҳ надодан ба низоъи мазҳабӣ, пешниҳодҳои ҷаҳонии Сарвари давлат дар масъалаи истифодаи об ва дигар ташаббусҳои Пешвои миллат муфассал сухан ронда, ҳозиринро барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Барои боз ҳам таъсирбахш шудани суҳбат ва амиқ дарк намудани вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки имрӯз хеле муташанниҷ аст, дар бораи ду давраи ҳаёти мардуми Афғонистон солҳои осоишта ва ҳолати кунунии он филми мустанад намоиш дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg