БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР БОРИЗ АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Маорифчиён”-и ноҳияи Шаҳритуз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки занон ва ҷавондухтарон дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа”  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат намояндагони ҳизбӣ ҷамъомадагонро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрик гуфта, нақши онҳоро дар таҳкими  рушду инкишофи ҷомеаи муосир  баланд арзёбӣ карданд.

Ҳамчунн ба як қатор занон ва ҷавондухтарони ташкилоти ибтидоии мазкур бахшида ба 26-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барои саҳми арзанда гузоштанашон дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қадрдонӣ карда шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg