А.ҶОМӢ. Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мутобиқи дастур ва супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоии ҲХДТ бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи 26- солагии таъсисёбии ҲХДТ, вохӯрии ду насл, собиқадорони ҲХДТ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.
Чорабинии мазкур таҳти раёсати Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки як қатор собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Ҳамзамон, собиқадорони соҳа аз пешравию дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлатро хуб истиқбол намуда, ин ҳамаро заҳмату талошҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат дониста, миннатдории бепоёни худро ба Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Аз суханрониҳои пурмуҳтавои иштирокдорони вохӯрии мазкур хулоса баровардан мумкин аст, ки собиқадорони ноҳиявии ҲХДТ ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат омодаанд, ки то нафаси охирин ба халқу Ватани азизи худ, махсусан барои баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ -ватандӯстии насли ҷавон, содиқона хизмат намоянд.
Дар охир, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизбро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро бо китобҳои ашъори ирфонӣ ва ҳикмати инсонӣ дар эҷодиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тақдим карданд.