ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қумсангир” бахшида ба 26-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ҳасанзода Тағоймурод мақсади баргузории ин чорабиниро шарҳ дода, иштирокчиёнро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод гуфт.
Зимни чорабинии мазкур доир ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ, мақсаду мароми ин ҳизби пешоҳанг суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии қавӣ дорад. Дар давоми 26 сол он ба як нерӯи сиёсии мустаҳкаму фарогире табдил ёфт, ки дар давоми ин солҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири қобили мулоҳизае гузошта, дар комёбиҳои солҳои Истиқлолияти мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Ин ҳизби бонуфуз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар миёни халқ беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо кардааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ бошад, ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қумсангир” Идиев Зоир барои саҳми арзанда гузоштанаш дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ -ҳизби пирӯзу пешоҳанги ҷомеа, иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ ва бахшида ба муносибати 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.