БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ғолибони мусобиқа бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ҳизбиён қадрдонӣ гардиданд

ФАРХОР. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия мусобиқаи варзишии баскетбол байни дастаҳои духтаронаи синфҳои 8 ва 9-и муассисаи таълиӣ гузаронида шуд.

Дастаҳо байни ҳам қувваозмоӣ карда, ғолиби мусобиқа дастаи  синфҳои 8-ум, ки  бо номи «Ваҳдат» дониста шуда, иштирокдорон бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Чунин чорабиниҳои варзишӣ миёни ҷавонон то санаи 31-уми майи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg