Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили сазовори таъсисёбии 26-солагии ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо иштироки занон ва ҷавондухтарон вохӯрию мулоқот дар мавзӯи «Зан ва ҷомеа» баргузор намуданд.
Масъулин зимни суҳбат қайд намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳад. Имрӯз шумораи занон дар мақомотҳои олии намояндагию мақомотҳои давлатӣ ду баробар зиёд гардидааст. Айни замон занон дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият доранд. Дар сохторҳои маориф ва тандурустӣ аз нисф зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд. Қариб аксарияти аъзои ҳизбро дар ноҳия занону духтарони фаъол ташкил медиҳанд. Холо нуфузи занон дар самти соҳибкорӣ бештар гардида, онҳо дар самтҳои гуногуни хизматрасониҳо кору фаъолият намуда истодаанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ба идоракунии давлатӣ ҷалби бештари занону духтаронро ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани қобилияти касбӣ ва ташкилотчигии онҳо диққати ҷиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намоем.