Н.ХУСРАВ.Ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол -Ватани маҳбуби ҳамаи мо» баргузор гардида истодааст.
Масъулин зимни баргузории озмуни мазкур шартҳои озмунро фаҳмонида, қайд намуданд, ки дар вақти навиштани иншо ба масъалаҳои марҳилаҳоитаърихии миллату Ватан, дастовардҳои даврони истиқлолият, ободию пешравиҳои Ватанамон диққати ҷидди диҳанд.
Ба хонандагон фаҳмонида шуд, ки иншоҳое, ки дар доираи мавзӯъ ва дар сатҳи баланд навишта мешаванд, бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.