БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ҲИМОЯТГАРИ ХАЛҚУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Ховалинг  дар ҳамкорӣ бо раисони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва волонтёрон бахшида ба 26 - солагии  Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  чорабиниҳои гуногуни ҷашниро ташкилу баргузор намуданд.

Дар арафаи ҷашнгирии  ин санаи таърихӣ бо иштироки васеи раисони ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб маҷлиси тантанавӣ бо қисмати фарҳангӣ баргузор карда шуда, ба ҷавонони нав ба сафи ҳизб дохилшаванда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамчунин дар  байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол  - Ватани маҳбуби ҳамаи мо” гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва маблағи пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дар асоси дастури мақомоти болоии ҳизб ба собиқадорони  ҲХДТ, ки дар пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми арзанда доранд, табрикоти роҳбарияти ҳизбро расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg