АНДЕША. Санаи 10 - уми декабри соли 2020 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26-сол сипарӣ гардид. Дар робита ба ин, агар ба таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон назар афканем, ин ҳизб дар давраи ниҳоят ҳассос ва тақдирсоз тавлид ёфтааст. Созмон додани чунин ҳизб дар он замони нороҳативу шароити ноустувор дар ҷомеа ба хотири ормонҳои мардумро амалӣ сохтан ниҳоят муҳим ба ҳисоб мерафт. Баъд аз таъсисёбии худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пештар бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешуд ва сипас, дар он калимаи демократия илова карда шуд, тавонист бо барномаи муккамали хеш дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузорад.
Имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа бо роҳбарии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро дар доираи Барномаи созандаи худ ба сомон расонида истодааст, ки ҳам барои насли имрӯза ва ҳам барои насли минбаъда низ манфитбор мебошад. Ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ба ҳисоб рафта, онро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст. Ҳамин аст, ки ҳизб дар байни халқ маҳбубияти беандоза касб кардааст.
Чунин сиёсати муваффақона ва ҷаҳду талошҳои масъулони Кумитаҳои иҷроия боис бар он гардид, ки сафи аъзои ҳизб сол то сол зиёд гардида, айни замон ҳизб дар сафи худ беш аз ним миллион нафар аъзоро аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманду ташаббускор, занони фаъол ва дигар қишрҳои мардумро дар зиёда аз 4800 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид созад.
Гувоҳи гуфтаҳои боло дар он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аллакай чандин маротиба интихоботҳои Президентӣ ва интихоботҳои вакилони халқ баргузор шуда, дар ҳар як баргузории ин маъаракаҳои муҳимми сиёсӣ интихобкунандагон овози худро бе дудилагӣ ва шакку шубҳа ба намояндагии ҲХДТ медиҳанд.
Дар соли 2020 ду маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар ин маъракаҳои муҳим ҲХДТ дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ва бо барномаи нав, ки аз 8 бахши фарогир ва 26 зербахшҳо таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаи нави рушд ба назар гирифтааст, фаъолона ширкат варзид. Дар раванди интихоботҳои имсола ҷонибдории якдилонаи ҳизб аз тарафи мардум дида шуд, ки дар натиҷа номзадҳои арзандаи он овози бештарро касб намуданд ва бори дигар ҲХДТ ҳизби мардумӣ будани худро исбот намуд. Дар ин росто мехостам суханони пурқимати устоди арҷманд – Сафаров Сафар Ғаюрович (собиқ муовини Раиси ҲХДТ) равонашон шод бошад, дар китобашон “Ҳизби зодаи истиқлолият” ёдрас шавам, ки чунин гуфтаанд: “Имрӯз Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон бузургтарин, сернуфузтарин ва писандидатарин нерӯи сиёсии кишвар аст”.
Ҳақ бар ҷониби гуфтаҳои пурарзиши устоди шодравон аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро нафароне, ки аъзо ҳастанд ва ё ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон мекунанд дар сиёсати ин ҳизб ифодаи манфиатҳои худро диданду бараъло эҳсос намуданд.
Дар инҷо як нуктаро мехостам махсус қайд намоям, ки кор бурдан ва иштироки фаъолона доштан дар пешорӯи интихоботҳо кори саҳлу осон нест. Аммо ҳизби мо ҳизби мардумӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҲХДТ натанҳо дар маъракаҳои интихоботӣ фаъол аст, балки ҳизби мо дар ҳама ҷабҳаҳо пешсаф буда, барои таъмини зиндагии шоиста ба мардум тамоми нурӯи тавонои худро пайваста равона месозад.
Дар ин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб соли 1998 ташкил шуда, фаъолияти худро дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст. Айни замон дар дастгоҳи Кумитаи иҷроия 8 нафар кору фаъолият карда истодаанд. Ва бо ҷалби собиқадорон, вакилони ҳизбӣ, фаълон, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия ба таври мунтазам миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа мутобиқ ба самтҳои афзалиятнок ва тибқи нақшаву ҷадвалҳои таҳрезишуда корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, талош бар он меварзанд, ки бо халқ ҳарчи наздиктар бошанду ба онҳо сиёсати созандаи роҳбарияти олии ҳизбро бирасонанд. Яъне, ҳар як аъзои ҳизб садоқатмандона новобаста дар кадом самту соҳа фаъолият доранд, ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар баробари ин чандин аксияву озмунҳои ҳизбии гуногунҷабҳа ва даҳҳо конференсияву семинарҳо ва мизҳои мудаввар роҳандозӣ гашта истодааст, ки ин аз фаъолияти самараноки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дарак медиҳад.
Аз дигар муваффақият дар рафти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бояд ҳарф зад, ки дар назди Кумитаи иҷроия маҳфили доимоамалкунандаи “Созандагони Ватан” фаъолият дорад, ки он ҳамчун маҳфили зеҳниву эҷодии ҷавонон бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдод таъсис дода шуда, фаъолияти он ба тарғиби беҳтарин дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва фарҳангии ҷавонон, густариши ҳамкориҳо бо марказҳои илмию эҷодӣ ва таълимӣ, таъмини самараи корҳои эҷодӣ, тарғиби арзишҳо ва гиромидошти асолати фарҳангӣ ва худшиносии миллии ҷавонон равона карда шудааст. Ҳар як аъзои маҳфил, ки дар баробари ин волонтёрони ҳизбӣ ҳастанд, дар чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангии ҳизбиву давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Пеш аз ҳама дар ин маҳфил, аниқтар аз моҳи октябри соли 2019 то ба ҳол ба ҷавонон аз ҷониби шахсони таҷрибаи рӯзгордидаву донишманд ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба онҳо дарсҳои сиёсӣ гузаронида шуда истодааст. Муҳимтар аз ҳама баъди гузаронидани дарсҳои сиёсӣ ва семинарҳои омӯзишӣ аз ҳисоби волонтёрони ҷавони ҳизб дар соли 2020 дар участкаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб нозирони миллӣ аз ҳисоби ҲХДТ ташкил карда шуд, ки мақсади асосӣ ин сафарбар кардани онҳо дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботии таблиғотӣ ба хотири фаҳмонидани моҳияти қонун ва сиёсати давлату ҳукумат дар самти шаффоф баргузор гадидани интихоботҳо ба ҳисоб мерафт. Фикр мекунам, ки ин аввалин таҷрибаест дар тӯли фаъолияти ҲХДТ, ки нозирони миллӣ пурра аз ҳисоби ҷавонон ташкил гардида, иштироки онҳо дар ин маъаракаҳои муҳим барои онҳо як мактаби бузурги сиёсии ҳизбӣ дар раванди фаъолияташон ба ҳисоб меравад.
Ҳамаи ин дастовардҳо мо ҳизбиёнро нашояд қаноатбахш кунад. Аз як нуқтаи назар агар қаноатмандӣ тарафи мусбӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар инсонро то андозае фориғбол ҳам месозад. Дар робита ба ин гуфтаниам, ки равобити мустаҳкаме, ки ҲХДТ бо мардуми кишвар дорад, моро водор месозад то масъулияти бештар зоҳир кунем ва маҳорату малакаамонро баҳри беҳбудии ҳаёти ҷомеа ва оромиву осудагии мардум равона созем. Зеро Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид сохтаанд, ки: “Ман дар назди халқ барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузургро эҳсос мекунам ва аз ҳар як узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб менамоям!” Дар пайрави аз ин суханон бо амалҳои созандаи худ мо тавонем то ҷашни бузурги таърихӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳама шукӯҳаш дар ҳамбастагиву ҳамдилӣ ҷашн гирем.
Дар фарҷом ба ҳама аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ 26-умин солгарди ҳизбро муборакбод гуфта, дар кору масъулиятҳои пуршарафашон комёбиҳо ва дар амалишавии ҳадафҳои неку созандаи ҲХДТ пирӯзиҳоро таманно дорам. Бо бовари гуфта метавонам, ки бо ин қувваи бузург ҲХДТ метавонад дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ аз ин дида боз ба комёбиҳои бештар ноил гардида, миллати тоҷикро сарбаланду саодатманд гардонад. Орзуи ҳамешагии мо ҳизбиён зиндагии орому ободу осудаи мардуми тоҷик аст.
Ид муборак, ҳамсафони гиромӣ!
Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб