БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН ВА ҶОМЕА

ЛЕВАКАНТ. Таҳти ҳамин унвон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки як гурӯҳ занони фаъолу собиқадори ҳизб  ҷамъомади идона доир намуд.

Зимни баргузории чорабинӣ Шаҳло Шомуддинова ва Фароғат Назарова вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, Дилором Каримова, Зебо Баротова ва Тоҷинисо Маҳмадалиева собиқадорони ҳизб аз дастовардҳои камназири  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор, нақши он дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва рушду тараққиёти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҳамчунин дастгириву пуштибонӣ ёфтани занону духтарон тавассути роҳандозӣ шудани барномаҳои муҳими давлатӣ сухан гуфтанд.

Инчунин, дар идома қайд гардид, ки дар самти дастгирии занону духтарони болаёқат 3 декабри соли 1999, №5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” ба тасвиб расид ва Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва баъдан 2017-2022 қабул карда шуд, ки тавассути он мавқеи зан дар ҷомеа бамаротиб баланд гардид.

Ҳамин аст, ки ҳар яки мо занону бонувон бояд минбаъд низ дар таълиму тарбияи насли ояндасоз ва ташаккулу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем ва бо ин роҳ садоқати худро ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат собит созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg