БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР АСТ

МУЪМИНОБОД. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 26-солагии ҲХДТ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии кӯчаву маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва фаъолони ҳизб дар Ҷамоати номбурда маҷлиси ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Муъминобод  Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси Ҷамоати шаҳраки Муъминобод Сабоҳат Мирзошарифзода иштирок ва баромад намуда, қайд доштанд, ки роҳи тайнамудаи ҲХДТ дар 26 сол чандон тӯлонӣ набошад ҳам, вале бо ҳадафҳои созандааш миёни ҷомеа  нуфузи бештар пайдо кардааст. Сипас, дигар баромадкунандагон низ фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба амалҳои  бунёдкоронаи ҲХДТ баён дошта, чамъомадагонро  бо Рӯзи таъсисёбии ин ҳизби созандаву бунёдкор  шодбош гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg