БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО НИҚОБ БОШ!

КӮШОНИЁН. Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон ба роҳ монда шуда, дар бораи риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти саломатӣ,  нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои ҳимоявӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ мулоқот баргузор мешавад.

Ин навбат низ масъулин дар маркази ноҳия Аксияи ҳизбии “Бо ниқоб бош!” -ро гузаронида, сокинонро таъкид намуданд, ки дар ин давраи  ҳассос набояд ба бемасъулияти роҳ дод ва барои ҳифзи саломатии худ ва дигарон мо бояд ҳамарӯза  қоидаҳои санитариро қатъиян риоя намоем. Сипас, дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва ниқобҳои ройгон дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg